Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Ҳошим Гадо ва Исо Масеҳ

Download

Вой - Вой

«Ист! Биандеш. Чӣ будӣ, кӣ шудӣ ба кадом хоҳӣ монд.

Биандеш, ки чӣ миқдор амалҳои носазо

ба ҷо овардӣ. Чӣ қадар хоҳӣ кард? 

Ист! Биандеш. Чӣ бояд кард, ки амали бад

кам содир шавад, зеро роҳ кам мондаву

фурсат танг аст. Ист! Биандеш! 

                                                -Ҳошим Гадо

«Аз дари танг дароед; зеро фароx аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд; Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.»

Исои Масеҳи Худованд

Гуноҳҳо --- «Ман сергапам. Ман камгапам. Ман бетамизам. Ман дурӯғгӯям. Ман фиребгар-

ам. Ман хабаркашам. Ман ғайбатиам. Ман

озордиҳандаам. Ман беҳудаю баҳуда мардумозорӣ кардам. Ман сояи туям. Ман бисёр

шӯҳратхоҳам. Эй вой бар ман. В-эй хок

бар сари ман.»

Ҳошим Гадо

«Зеро ки музди гуноҳ мамот (марг) аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ва воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.» 

Инҷил

«Ончунон тухм пошидаам, ки метавонистанд,

деҳеро сер кунанд, вале афсӯс, ки худ то ҳол

гуруснаам. Бояд аз нав шудгор бикунам.»

Ҳошим Гадо

«Исо ба онҳо гуфт: Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.»

Инҷил

«Садои занги дар, мешунавӣ? - Кист

Хомӯшӣ.... Ҳар лаҳза паси дар моро касе

интизор аст.  Ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш масоз ва

аз омадаш матарс. На мо аввалем, на мо

охирин. Биандеш, ки аз ту чӣ хоҳад монд.»

   Ҳошим Гадо

«Натарс; Манам Аввалин ва Охирин ва Зинда; ва ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дӯзах ва мамот дар дасти Ман аст.» 

Исои Масеҳи Худованд

«Эй инсон! Дар зоҳир ба тавҳид (ваҳдат)

эътироф дорӣ ва дар ботин тардиди (дудилагӣ)

созанда созӣ.  Хуб аст, ки дар зоҳиру ботин

эътирофи Худо кунӣ, то мағзи ҷонат

ором бошад.»                               

Ҳошим Гадо

«Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегyзорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам.  Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.» 

Исои Масеҳи Худованд

«Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ба бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт.»

Инҷил



<< Башорат