Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Гунаҳкори омурзиш ёфта

Download

Гунаҳкори омурзиш ёфта


Дар аксари мамлакатҳои дунё бисёр мардуме зиндагӣ мекунанд, ки бо номи масеҳиҳо (насрониҳо) маълуманд. Инчунин бисёр касоне ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи ҳақ мебошанд ва мехоҳанд донанд, ки мансуб будан ба мазҳаби масеҳӣ чӣ маъно дорад? Модом, ки калимаи «Масеҳӣ» маъноҳои зиёдеро ифода мекунад, пас муҳим аст ба онҳое, ки мақсади масеҳӣ шуданро доранд ба таври мухтасар фаҳмонем, Масеҳӣ кист.

Калимаи «Масеҳӣ» дар луғат ҳамчун шахсест, ки: «Эътимод дорад, пайравӣ мекунад, ё ба дини Исои Масеҳ мансуб аст». Ин шарҳ то андозае дуруст аст, лекин бисёр мухтасар ва номукаммал аст. Агар касе дар бораи кӣ будани масеҳӣ бисёртар ва дақиқтар донистан хоҳад, бояд ба китоби динии масеҳиён, ки таълимоти аслиро дар бар мегирад, муроҷиат кунад ва ин китоб бо номи «Китоби Муқаддас» (Библия) маълум аст. Дар ин китоб, ки аз тарафи шахсиятҳои бузург ва пок навишта шудааст ва он шахсонро Рӯҳи Муқадаси Худо роҳбарӣ кардааст, дини масеҳӣ ба таври мушаххас ва пурра акс ёфтааст. ҳар кас хоҳад донад, ки масеҳӣ будан чӣ маъно дорад, бояд ин китоби илоҳиро бо эҳтироми бузург омӯзад.

Дар ин дастур иқтибосҳои бисёр ба қисматҳои гуногуни Китоби Муқаддас дода шудаанд. Аз таълимоти Китоби Муқаддас мо метавонем калимаи «Масеҳӣ»- ро дар гуфтаҳои зерин муайян кунем:


  1. Масеҳӣ гунаҳкорест, ки Худо ӯро авф кардааст.


Ҳар як мамлакати дунявӣ дар худ қонунҳое дорад, ки пеши роҳи одамони бадкирдорро мегирад ва аз бадкорӣ нисбати одамони дигар нигоҳ медорад ва агар касе, ки ин қонунҳоро вайрон кунад, гунаҳгор шуда маҳкум мешавад. Худо ҳам барои одаме, ки худ офаридааст, қонунҳои навишта дорад, ин қонунҳо садди роҳи бадкорӣ мегарданд ва одамонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд. Вақте, ки аз Исои Масеҳ пурсиданд: «Эй Устод, кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» Исо ба вай гуфт:

« Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва тамоми

ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор. ҳамин аст

ҳукми аввалин ва бузургтарин; Ва дуюмаш монанди он

аст: Ёри худро мисли худ дӯст бидор. Ба ин ду ҳукм

тамоми Таврот ва суҳафи анбиё асос ёфтааст».

(Матто 22: 36-40)

Дар ҳақиқат ин ду фармон бузурганд, барои он ки онҳо ҳамаи қонунҳои Худоро ки барои одамизод навишта шудааст, дар бар мегиранд. Ҳеҷ кас бо боварии том гуфта наметавонад, ки ӯ дар давоми ҳаёташ Худоро аз таҳти дил дӯст дошта бошад, чунки мо хуб медонем, ки мо ҳама вақт худро ё кайфиятамонро ва ҳама чизи дигарро ғайр аз Худо бештар дӯст медорем. Ҳамсояҳо гуфта онҳоеро дар назар дорем, ки бо онҳо вомехӯрем, кор мекунем ё дар наздикии якдигар зиндагӣ мекунем. Бинобар ин ҳар касе, ки ин қонунҳои бузурги Худоро вайрон кард, гунаҳгор буд ва аз тарафи Худо, ки ҳокими одил аст ба ҳукми қатл абадӣ гирифтор шуд. Чӣ тавре ки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Музди гуноҳ тамом аст,�» (Ба Румиён 6:23)

Бо вуҷуди ин ҳокими Одил, яъне ҳақиқат ва бахшиш, хоҳиши ҷазо додани онҳоеро ки қонунҳои муқаддаси Ӯро вайрон мекунанд, надорад. Баръакс, Ӯ мехоҳад онҳоро авф кунад ва аз марг наҷот диҳад. Аз сабаби муҳаббати бепоёнаш нисбати мардуми гунаҳгор Худо ба замин Писари Худ Исои Масеҳро фиристод. Калимаи «Писар», албатта на бо маънои ҷисмӣ, балки бо маънои рӯҳӣ истифода мешавад. Ин маълум аст, ки Худо зан нагирифта буд ва писар ҳам надошт, ин гуна кор комилан ғайриимкон ва тасаввурнашавандааст. Худо ваъда дод ҳар гунаҳгоре ки ба Исои Масеҳ боварӣ дорад гуноҳашон бахшида мешаванд, чи тавре ки дар китобҳои Юҳанно қайд шудааст.

«Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари

ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад,

талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.»

(Инҷил Юҳанно 3:16)

Аз ин рӯ масеҳӣ қонуншикан ва гунаҳгор аст, ки бинобар эътиқод карданаш ба Худо ҳамчун Наҷотдиҳанда аз тарафи ӯ авф шуд ва аз қатли абадӣ раҳоӣ ёфт. Вақте, ки одамонро ба марг маҳкум мекунанду, мувофиқи қонунҳои давлатӣ авф мекунанд ва аз маҳбас озод мекунанд, хушбахтии он чунон калон аст, ки бо гуфтан тасаввур карда намешавад. ҳамин тавр аҳли масеҳи доимо хурсанданд ва ба Худо шукргузорӣ менамоянд, ки ба ивази марги Исои Масеҳ дар салиб гуноҳҳояшон омӯрзиш ёфтаанд.


  1. Масеҳӣ касест, ки дили нав дорад.


Барои чӣ одамон қонунҳои муқаддаси Худоро мешикананд, аз хубӣ дида бадиро бештар дӯст медоранд ва инчунин нисбатан ба ягдигар бадбинӣ мекунанд? Барои он ки дилашон бад аст. Бори аввал, вақте ки Худо одамро офарид, ба ӯ дили хуб дод, лекин одам бинобар ба Худо итоат накарданаш сабабгори он шуд, ки дилаш бад шавад. Дар натиҷа аз тарафи одамон ҳар гуна кирдорҳои ношоям худпарастӣ, ҳирс, зино, нафрат, куштор ва ҳамагуна корҳои нопок сар мезанад. Агар Худо танҳо гуноҳҳои ин тоифа одамонро бахшаду лекин бадии онҳоро тағйир надиҳад, онҳо метавонананд бадкориашонро давом диҳанд. Ин маълум аст, ки авф кардан кифоя нест. Онҳоро ба роҳи дуруст даровардан лозим. ҳамин тавр Худо кори хуби дигаре мекунад. Ӯ дар ҳамаи он шахсони гунаҳгоре, ки онҳоро бахшидааст, дилҳои нав ва хуб меофарад.

Ҳамаи мо аз рӯзномаҳо дар бораи ҷарроҳиҳои аҷиб, ки баъзе ҷарроҳони касбӣ ба одамоне, ки дилҳои ҷисмониашон аз кор мондаанд, хондаем. Онҳо дили вайроншударо гирифта ба ҷои он дили шахсеро, ки аз садама мурдааст, мемонанд. Ин дар ҳақиқат ҳам хуб аст, лекин Худо боз як кори хубтаре кард. Ӯ бо Рӯҳи Муқаддасаш онҳоеро, ки ба Исо пайрав буданд дили рӯҳонӣ дод, аз ин рӯ онҳо аз ин пас аз бадӣ нафрат доранд ва хубиро дӯст медоранд. Онҳо инчунин қудрати дӯст доштани Худо ва ҳамсояҳоро, ки Худо фармудааст доранд. Масеҳиҳо одамоне мебошанд, ки дили нав доранд.

Албатта ин маънои онро надорад, ки масеҳиён мардуми бегуноҳанд аз хотири оне, ки танҳо Исо тамоми умраш бегуноҳ зист. Вале масеҳиҳо намехоҳанд гуноҳ кунанд ва доимо мекӯшанд бо ёрии Худо гуноҳ накунанд ва ба Худо дар ҳар кор итоат намоянд.

Ва чун онҳо гуноҳи номатлуб мекунанд, ҳамон замон ба Худо иқрор мешаванд ва пушаймон мешаванд. ҳаракат мекунанд, ки боз гуноҳ содир накунанд. Бинобар ин мо мебинем, ки ба онҳое, ки Худо дилҳои навашон додааст ба ростӣ, аз нав таваллуд шудаанд ва онҳо дар масеҳият одамони наванд. Ва ин ҳаёти навини онҳо натанҳо зиндагии имрӯза, инчунин ҳаёти абадӣ аст, ки ҳатто марг наметавонад онро вайрон созад. Масеҳӣ касест, ки ҳаёти ҷовидона дорад. Чӣ тавре ки дар Китоби Муқадас гуфта мешавад:

«Ман бо Масеҳ маслуб шудам. Ва акнун на ман зиндагӣ

мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки

ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба ПисариХудо зиндагӣ мекунам, ки ӯ маро дӯст дошт ва Худро

барои ман таслим кард». (Ба Ғалотиён 2:20)


  1. Масеҳӣ навдаи токи ҳақиқӣ аст, чунон ки Исо аст.


Исои Масеҳ дар шаби пеш аз шиканҷа диданаш орзу кард, ки ба пайравонаш муносибати минбаъдаи Худро фаҳмонад. Ӯ ҳикояи тамсилие гуфтааст, ки дар боби 15-уми китоби Юҳанно хондан мумкин аст. Дар ин ҳикоя Исо гуфтааст, ки Ӯ ба мисли ток аст ва пайравонаш ба монанди навдаи ток мебошанд. Рӯзи дигар Исо дар болои салиб ҳалок шуд, лекин дар рӯзи сеюм аз нав зинда шуд, тавре ки Худ гуфта буд ва аз қабр ба берун омад ва дигар ҳеҷ гоҳ намемурад. Исо имрӯз зинда аст ва масеҳиҳо бо эътиқод ба Ӯ якҷоя зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр Ӯ ба пайравонаш фармон дод, ки ба Ӯ гӯш диҳанд ва ҳеҷ гоҳ аз Ӯ ҷудо нашаванд. Азбаски навдаҳои дарахтро мебуранд, онҳо зуд пажмурда ва нобуд мешаванд, ҳамчунин масеҳиҳо бо гуноҳіояшон аз Исо бурида мешаванд, рӯҳан пажмурда шуда мемиранд. Лекин вақте онҳо бо боварӣ ба Исо мепайванданд, онҳо зиндагӣ мекунанд ва мева медиҳанд. Ин меваҳо сифатҳои муқаддаси ишқ, ҳақиқат, сулҳ, ва маишатанд, ки дар онҳо пайдо мешаванд ва онҳо ба Худо ва одамӣ хизмати арзанда мекунанд. Масеҳӣ дар ҳақиқат касест, ки бо Исо зиндагӣ мекунад.


  1. Масеҳӣ фарзанди Худо аст.


Ҳар як кӯдаке, ки ба дунё меояд, падари ҷисмонӣ дорад, ки ӯ сарчашмаи ҳаёти кӯдакон аст. Аммо вақте ки одам ба воситаи Рӯҳи Худо ба дунё меояд, пас Ӯ фарзанди кист? Ин маълум аст ки Ӯ рӯҳан Писари Худо аст ва Худо Падари ҳақиқии ӯст. Дар бисёр мазҳабҳои гуногун одамоне, ки хоҳиши ба Худо эҳтиром намудан доранд ва хизмат мекунанд, худашонро ғуломи Худо меноманд ва ин дуруст аст. Дар ҳақиқат ҳам Худо фармонфармо ва ҳокими мутлақи ҳама чиз аст ва ин вазифаи тамоми инсоният аст, ки Ӯро гӯш кунанд ва барояш хизмат кунанд. Аммо вақте ки Худо гуноҳҳои онҳоро мебахшад ва ба онҳо дилҳои нав медиҳад, Ӯ ба онҳо мегӯяд:


«Дигар ҳеҷ гоҳ Ман шуморо ғуломони худ намегӯям, шумо акнун писарон ва духтарони дӯстдоштаи ман ҳастед ва ҳар гоҳе, ки шумо ба ман муроҷиат мекунед, шумо метавонед маро Падар гӯед».


Чӣ гуна имтиёз аст дар намоз хондан тавре ки Исо пайравонашро омӯзонд ва гуфт: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ. Исми Ту муқаддас бод�»

Дар бораи шоҳи бузург ва хоксор ҳикояте ҳаст, ки рӯзе ӯ аз кӯча савори фойтуни шоҳонааш мегузашт, писарбачаи нобинои гадоро дид, ки дар танаш ҷанда дар ҷои чиркин нишаста нон металабид. Шоҳ фойтунашро боздошт, аз он берун омад ва ба сӯи он кӯдаки гадо рафт ва бо дастонаш ӯро гирифта ба фойтун шинонд. Баъд ӯро ба қаср овард, шустушӯ карданд, сару либоси шоҳона пӯшонданд, сипас ӯро ба курсии худ шинонд ва гуфт: «Ту акнун писари ман ҳастӣ ва аз ин пас бо ман зиндагӣ мекунӣ ва ман ба ту падар мешавам».Чӣ гуна муҳаббати ҳайратангезе шоҳ ба гадобача зоҳир намуд.

Лекин муҳаббати Худо ба мо гунаҳкорон аз ин ҳам зиёдтар аст. Вақте, ки мо исёнгар, душманони Худо будем, ба қонунҳои муқаддаси Ӯ итоат намекардем, Ӯ ба мо меҳрубонӣ кард. Ба ҷои он ки Ӯ моро барои гуноҳамон нобуд созад, Ӯ моро бахшид ва моро чунон дигаргун сохт, то мо тавонем пок ва хоксор шавем ва инчунин ба мо дар хонаи осмониаш макон дод, то ки мо то абад бо Ӯ бошем. Чӣ тавре ки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад.

«Зеро ки Масеҳ ҳангоме, ки мо ҳанӯз суст будем, дар вақти муқарраршуда барои осиён мурд. Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон накӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гунаҳгор будем, Масеҳ барои мо мурд. Пас, алалхусус алҳол, ки бо хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт. Зеро ки агар бо Худо ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, - пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт.»

(ба Румиён 5:6-10)

Ҳарчанд мо мебинем, ки масеҳиён фарзандони Худованданд, ин на аз барои ягон заҳматашон, балки танҳо аз хотири меҳрубонии бузурги Худост. Чӣ тавре ки дар Китоби Муқадас гуфта мешавад:


« Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чӣ хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид. Ва ҳар ки аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст». (1Юҳано 3:2, 3)


Аз он вақте ки масеҳиҳо фарзанди Худо ҳастанд ва бозгашти Исои Масеҳро, ки ваъда дода буд, интизоранд онҳо мекӯшанд пок ва бегуноҳ зиндагӣ кунанд, арзандаи Падари Муқаддаси Худ бошанд.


5. Масеҳӣ узви оилаи умумиҷонӣ аст, ки ин оила калисои Худо мебошад.

Баъзан чунин мешавад, ки дар оилаи инсон кӯдак ба дунё меояд, ӯ фарзанди ягона аст ва бародару хоҳар надорад. Барои он касе, ки фарзанди Худо мешавад, ин гуна нест чунки оилаи Худо бисёр калон аст. Имрӯз масеҳиҳо қариб дар ҳар як қисми дунё ҳастанд. Баъзеи онҳо пир ва баъзеи дигарашон ҷавон, баъзе босавод ва қисми дигарашон ҳоло чӣ тавр хондану навиштанро намедонанд, баъзе бой ва қисми дигарашон камбағал. Онҳо бо зиёда аз 1300 забонҳои гуногун гап мезананд ва ҳар яки онҳо бо забони модариашон Худоро Падар мегӯянд. Онҳо дигар масеҳиҳоро ҳамчун хоҳар ва бародар эътироф мекунанд. Ҳарчанд имконияти бо якдигар гуфтугӯ кардан надошта бошанд, ҳам онҳо якдигарро наздик эҳсос мекунанд барои он ки ҳамаи онҳо фарзандони Худо мебошанд.

Агар масеҳӣ сайёҳати гирди олам кунад, барои ёфтани ҳаловат дар он шаҳр ва қишлоқе, ки сафар мекунад, ҳатман бародари масеҳии худро вомехӯрад. Боре як масеҳии сайёҳ бо киштӣ сафар мекард ва он киштӣ рӯзи якшанбе дар бандари Малайзия қарор гирифт. Ӯ дар он ҷо ба кофтукови калисо машғул шуд ва шахсеро, ки ӯ дар он ҷо вохӯрд, аз масеҳиёни Чин буд. Ба борони сел нигоҳ накарда, калисо аз марду зан ва кӯдакон пур шуда буд. Забоне, ки бо он намозхонӣ мекарданд забони чинӣ буд ва онро сайёҳ тамоман нафаҳмид. Аммо баъди хотимаи намоз масеҳиёни чинӣ ба назди шахси бегона омада бо табассум худро дӯстона муаррифӣ намуданд. ҳарчанд онҳо ӯро пеш аз ин боре ҳам надида буданд, ӯро эътироф ва чун бародари худашон хуш қабул карданд. Масеҳиён доимо дуои пок мекунанд, то ин ки ҳамаи одамон дар ҳама ҷой узви оилаи бузурги Худо гарданд, ки ин оилаи бузург калисои умумиҷаҳонии Масеҳ аст ва якдигарро дӯст доранд, тавре ки Худо фармудааст. Нишонаи узвият дар калиои масеҳӣ ин таъмид кардан бо об, яъне рамзи покшавист.

  1. Масеҳӣ касест, ки Исои Масеҳро пайравӣ мекунад, дар зиндагӣ ба Худо ва мардум дӯстона хизмат мекунад.

Вақте касе ба мо хоксорӣ мекунад ё ба мо тӯҳфа медиҳад, мо албатта кӯшиш мекунем, ки бо ин ё он роҳ миннатдории худро баён кунем, ин миннатдориро ё бо додани тӯҳфаи ҷавобӣ ва ё каме кӯмак кардан ба оне, ки нисбати мо дӯстӣ зоҳир намуд, ифода мекунем.


Лекин мо чӣ кор метавонем кард, то ки ба Худо миннатдории худро барои Писараш Исоро ба мо додан, Ӯ Наҷотдиҳандаи мо шуданаш ва гуноҳҳои моро бахшиданаш пас аз оне, ки мо ба Исо бовар кардем, баён кунем. Чӣ тавр мо метавонем ба таври муносиб Исоро, ки дар болои салиб ба ҷои мо ба хотири он, ки шояд мо пок шавем, ҳалок гардид ва ба хотири он, ки ӯ аз қабр берун омаду ба мо ҳаёти ботинӣ дод, раҳмат гӯем.

Исо гуноҳҳои моро ба ивази хуни рехтааш дар салиб харид. Ба хотири он, ки шояд мо бо хоҳиши худ итоат ва барои ӯ зиндагӣ кунем. Исои Масеҳ Падарашро то ба охир дӯст дошт ва муҳаббаташро бо иҷрои корҳое, ки ба Ӯ Падар фармуд нишон дод. Ӯ шӯҳрат ё фоида ва ё кайфияти шахсӣ наҷуст, баръакс вақташро бо табобати беморон, таскин додани ғамдорон, наҷоти гунаҳкорон, таълим додан ба одамон дар бораи Худо, вазифаҳои онҳо дар назди Худо ва якдигар, гузаронд. Ӯ ба Худо ҳатто то лаҳзаи охирини умраш итоат намуд ва ба салиб бо фармони Худо ба ҷои гунаҳгорон ба мурдан рафт.

Масеҳиён Исои Масеҳро пайравӣ мекунанд. Онҳо на танҳо рафиқону бародарони масеҳиро, балки кулли одамонро ва ҳатто душманонро низ дӯст бояд доранд ва ба одамони гуногун- нажод ва гуногунмазҳаб хизмат кунанд. Вақте ки Исои Масеҳ обро дар зарф рехт ва пойҳои шогирдонашро шӯст. Ӯ ба онҳо гуфт, ки онҳо бояд аз Ӯ ибрат гиранд ва пойҳои якдигарро шӯянд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо бояд хизмати якдигарро дӯстона ва итоаткорона кунанд. Ва Исо ба онҳо гуфт: аломате ки одамон онҳоро чун шогирдони Исо эътироф мекунанд ин дӯстии байниякдигарии онҳост. Дӯстии ҳақиқӣ на танҳо дар сухан, инчунин дар хизмат кардан ба дигарон низ ифода меёбад. Ин гуна дӯстӣ нишонаи масеҳӣ будан аст.


Яке аз роҳҳое ки масеҳиҳо метавонанд ба воситаи он миннатдории худро ба Худо баён кунанд, ин ба одамони дигар гуфтани Хабари Хуши Исои Наҷотдиҳанда мебошад. Ин хоҳиши Худо аст, ки кулли одамон дар ҳама ҷой бояд Исоро донанд ва ба Ӯ имон оваранд то ин ки фарзандони Худо шаванд. Вақте ки кас Исоро аз самими дил медонад ва дӯст медорад ӯ бетоқат мешавад то ин ки барои гуфтани Хабари Хуши муҳаббати Худо нисбати Исо ба тамоми мардуми дунё кӯмак намояд.

Дар охир мо хотиррасон менамоем, ки имконияти масеҳӣ шудан, ё фарзанди волидайни Масеҳ шудан ва ё узви калисои Масеҳӣ гардидан ҳаст, ҳатто агар Рӯҳи Муқаддас Ӯро такроран таваллуд накарда бошад ҳам. Ва касе, ки дорои қудрати рӯҳан тавваллуд шудан надошта бошад, Ӯ узви оилаи Худо шуда наметавонад ва дар амал ба Исо мансуб нест.

Хулоса, масеҳӣ, мувофиқи таълимоти Китоби Муқаддас касест, ки ба воситаи имон овардан ба Исо авф шудааст, касест, ки аз нав ба воситаи Рӯҳи Муқаддас таваллуд ёфтааст, касест, ки бо Исо пайвастааст. Масеҳӣ ҳатто фарзанди Худо ва узви оилаи Худо, ки калисо аст, мегардад. Масеҳӣ бо хушбахтӣ ба Исои Масеҳ чун Пайғамбар итоат мекунад ва рафторҳои ӯро дар зиндагӣ бо Худо бо сидқ пайравӣ карда дар хизмати Худо ва халӣ мебошад. Чи хел шарафи бузург аст масеҳӣ будан. ҳарчанд ҳар кас арзандаи ин ном нест, вале Худо тамоми одамонро чунон бисёр дӯст медорад, ки Ӯ тайёр аст то ин гуна шарафро ба ҳар касе, ки софдилона онро меҷӯяд диҳад.


Дӯсти азиз.


Ин Наҷотдиҳанда имрӯз ба дари дили ту омада ва иҷозати даромадан мепурсад. Ӯ ҷон дод, то туро аз гуноҳ наҷот диҳад ва зист мекунад, то ба ту ҳаёт бахшад. Ӯ тамоми ғамҳо ва заҳматҳо ва эҳтиёҷоти туро медонад ва мехоҳад туро баракат диҳад ва шод созад.

Агар аз самими дил мехоҳед ки Исои Масеҳро чун Наҷотдиҳандаи худ аз гуноҳ қабул намоед, хоҳиш мекунам, ки дуои зеринро бо имони комил бихонед:


«Эй, Исои Масеҳи Худованд. Аз хондани ин китоб, ба ин қарор расидаам, ва низ имон дорам, ки Ту танҳо Наҷотдиҳанда ва Худованди башар ҳастӣ.Медонам, ки ман гунаҳгори маҳкуме мебошам ва ба наҷот эҳтиёҷ дорам.


Имон дорам ки ТУ барои раҳоии ман аз гуноҳ ҷон додӣ ва аз мурдагон бархостӣ то ба ман ҳаёти ҷовидонӣ бибахшӣ. Исои Масеҳи Худованд акнун дили худро барои Ту боз мекунам, ва Туро ба номи Наҷотдиҳандаи худ қабул мекунам. Аз гуноҳи рӯҳӣ бармегардам, худро ба ту ки Худованд ва Молики ман ҳастӣ таслим мекунам. Аз самими дилам Туро барои бахшидани гуноҳоям ва атои ҳаёти ҷовидонӣ ба ман шукр мегӯям, омин».

Агар ҳақиқатан Исои Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ ҳисоб мекунед, бар тибқи Каломи Худо шумо наҷотёфтаед, ҳаёти ҷовидонӣ ба даст овардаед ва низ узви хонаводаи рӯҳонии Худо гаштаед. Чунон ки дар инҷили Исои Масеҳ мактубе ҳаст:


«Ба онҳое ки Исои Масеҳро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд».

(Юҳанно 1:12)



<< Башорат