Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Номи Худованд муборак

Download

Номи Худованд муборак бошад

(99 номи Худованд ва 1-и дигар)


Ар-Раҳмон

Худованд бахшанда ва одил аст; ва Худои мо раҳмон аст. Забур 114,5

Ар-Раҳим

Худованд раҳим ва бахшанда аст, собир ва пур аз эҳсон. Забур 102,8

Ал-Малик

Худованд дар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ ягона. Закарё 14,9

Ал-Қуддус

Ва исми муқаддаси Худро андаруни қавми Худ – Исроил – зоҳир хоҳам кард. Ҳизқиёл 39,7

Ас-Салом

Ва номи Ӯ Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.                  Ишаъё 9,6
Ал-Муъмин

Эҳсони Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост. Навҳаҳои Ирмиё 3,22

Ал-Муҳаймин

Шоҳиди амин ва ҳақ, ибтидои хилқати Худост, чунин мегӯяд. Ваҳӣ 3,14

Ал-Азиз

Ба ман лутф ва марҳамат намо; қуввати Худро ба бандаат бибахш. Забур 85,16

Ал-Ҷаббор

Ва номи Ӯ Худои Ҷаббор хонда хоҳад шуд. Ишаъё 9,6

Ал-Мутакаббир

Худо мисл надорад! Ӯ, ки осмонсавор аст, дар кибриёи Худ бар абрҳо нишаста, ба мадади ту мешитобад. Такрори Шариат 33,26


Ал-Холиқ

Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид. Ҳастӣ 1,1

Ал-Борӣ

Ҳамаи мо, охир, як падар дорем, ва ҳамаи моро, охир, як Худо офаридаст! Малокӣ 2,10

Ал-Мусаввир

Ки Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст. Қӯлассиён 1,15

Ал-Ғаффор

Ва қавми Ман, ки ба исми Ман номида шудаанд, гардан фуроварда, дуо гӯянд ва рӯи Маро ҷӯё шаванд, ва аз роҳҳои бади худ баргарданд, - он гоҳ Ман аз осмон шунида, гуноҳҳои онҳоро хоҳам омурзид, ва замини онҳоро шифо хоҳам дод. 2. Вақоеънома 7,14

Ал-Қаҳҳор

Худовандо! Подшоҳро наҷот диҳ, ва дар рӯзе ки бихонем, моро иҷобат намо. Забур 19,10


Ал-Ваҳҳоб

Бигзор Худои Қодир ба шумо пеши он мард шафқат нишон диҳад. Ҳастӣ 43,14

Ар-Раззоқ

Ки Ӯ (Таъинкунанда) ба маҳбуби Худ медиҳад. Забур 126,2

Ал-Фаттоҳ

Лутфан, эй Худованд, ман бандаи Ту ҳастам, ... бандҳои маро кушодаӣ. Забур 115,7

Ал-Олим

Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад, вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд. Забур 1,6

Ал-Қобиз

Обро дар абрҳои Худ банд мекунад. Айюб 26,8


Ал-Босит

Ва ҳатто туро Ӯ аз даҳони бадбахтӣ берун меоварад ба вусъат обод, ки мусибате дар он ҷо набошад.

Айюб 36,16

Ал-Хофиз

Он ки халқҳоро танбеҳ медиҳад, оё мазаммат намекунад? Забур 93, 10

Ар-Рофи

Худованд бенаво месозад ва сарватдор мегардонад; ба залолат меафтонад ва баланд мебардорад. 1. Подшоҳон 2,7

Ал-Муиз

Ман эҳтиром кунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залил кунандагони Ман расво хоҳанд шуд. 1. Подшоҳон 2,30

Ал-Музил

Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизмат гузорони Худо зоҳир месозем: ... дар шараф ва бе шарафӣ.

2. Қӯринтиён 6,4 ва 8


Ас-Самеъ

Охир, дасти Худо кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад, ва гӯши Ӯ вазнин нест, ку нашнавад. Ишаъё 59,1

Ал-Басир

Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯсторони Худ муҳайё кардааст. 1. Қӯринтиён 2,9

Ал-Ҳакам

Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва амал намуда, бар бандагонат доварӣ намо.

2. Вақоеънома 6,23

Ал-Адл

Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, - Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест. Ишаъё 45,21

Ал-Латиф

Муборак аст Худованд, ки эҳсони аҷоиби Худро дар шаҳри муҳосира шуда ба ман зоҳир кард. Забур 30,22


Ал-Хабир

Дар шаъни Худованд суруд гӯед, исми Ӯро муборак хонед, ... Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед.

Забур 95,2 ва 3

Ал-Ҳалим

Ту, эй Худованд, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо, ... ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун.

Ирмиё 15,15

Ал-Азим

Ҳамин тавр дар қудс бар Ту менигаристам, вақте ки ба дидани қувват ва ҷалоли Ту меомадам.

Забур 62,3

Ал-Ғафур

Аммо Худованд Худои мо дорои раҳм ва омурзишҳост, гарчанде ки ба Ӯ осӣ шудаем, ва ба овози Худованд Худои мо гӯш наодаем, то бар тибқи таълимоти Ӯ, ки ба воситаи бандагонаш анбиё ба мо пешниҳод кардааст, рафтор намоем. Дониёл 9,9 ва 10

Аш-Шакур

Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ. Ваҳӣ 11,17


Ал-Оли

Зеро ки сипари замин аз они Худост; Ӯ бениҳоят баланд аст. Забур 46,10

Aл-Кабир

Қодирро мо наметавонем дар ёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст.

Айюб 37,23

Ал-Ҳафиз

Инак, нигаҳбони Исроил пинак нахоҳад кард ва хоб нахоҳад рафт.

Забур 120,4

Ал-Муқит

Ба чорпо хӯрок медиҳад, ва ба бачаҳои зоғ, ки сӯи Ӯ мехонанд. Забур 146,9

Ал-Ҳасиб

Иброҳим ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.

Ҳастӣ 15,6


Ал-Ҷалил

Варта вартаро бо овози шаршараҳои Ту даъват менамояд; ҳамаи туғёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузаштааст. Забур 41,8

Ал-Карим

Ба бандаи Худ таваҷҷӯҳ намо, то ки зинда монам ва каломи Туро нигоҳдорӣ кунам. Забур 118,17

Ар-Рақиб

Зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам. Хуруҷ 20,5

Ал-Муҷиб

Маро иҷобат намо, эй Худованд, маро иҷобат намо! Ва бигзор ин қавм дарк кунад, ки Ту Худованд Худо ҳастӣ, ва Ту дидли онҳоро хоҳӣ баргардонид. 3. Подшоҳон 18,37

Ал-Восеъ

Ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод. Матто 1,21


Ал-Ҳаким

Худо ... рӯҳи ҳикмат ва ваҳиро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд. Эфсӯсиён 1,17

Ал-Вадуд

Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд. 2. Қӯринтиён 13,11

Ал-Маҷид

Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавқат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Яҳудо 25

Ал-Боис

Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ӯ, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил Наҷотдиҳандае, яъне Исоро ба миён овард. Аъмол 13,23

Аш-Шаҳид

Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ваҳӣ 1,5


Ал-Ҳаққ

Исо ба вай гуфт: Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Юҳанно 14,6

Ал-Вакил

Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад. Филиппиён 4,13

Ал-Қавӣ

Аммо барои худи даъватшудагон, чӣ яҳудиён, чӣ юнониён, Масеҳро маъвиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост. 1. Қӯринтиён 1,24

Ал-Матин

Дар замони қадим заминро бунёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст. Забур 101, 26

Ал-Валӣ

Дигар шуморо банда намехонам, ... лекин шуморо дӯст хондаам. Юҳанно 15,15


Ал-Ҳамид

Эй ҳамаи бандагони Ӯ ва тарсгорони Ӯ, хурдон ва бузургон мадҳ кунед Худои моро! Ваҳӣ 19,5

Ал-Муҳсӣ

Аммо агар ӯ осебе ба ту расонда бошад, ... онро ба ман ҳисоб кун. Филемӯн 18

Ал-Мубди

Зеро лозим буд, ки Ӯ, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад. Ибриён 2,10

Ал-Муид

Ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун.» Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд. Луқо 6,10

Ал-Муҳйи

Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад нахоҳад мурд. Юҳанно 11,26


Ал-Мумит

Худованд мемиронад ва зиндагӣ мебахшад; ба қабр фурӯд меоварад ва бармехезонад. 1. Подшоҳон 2,6

Ал-Ҳай

Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти ҷовидоние хабар медиҳем. 1. Юҳанно 1,2

Ал-Қайюм

Исо ба вай гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд.»

Юҳанно 11,25

Ал-Воҷид

Бандаи Худ Довудро кофта ёфтам; Бо равғани муқаддаси Худ Ӯро тадҳин кардам, ки дасти Ман муттакои ӯ хоҳад буд. Забур 88,21

Ал-Мoҷид

Ва Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад, ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад.»

Луқо 1,46 ва 47


Ал-Воҳид

Ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст. Юҳанно 1,14

Ал-Аҳад

Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст. Такрори Шариат 6,4

Ас-Самад

Ва дар Беэр-Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар онҷо исми Худованд Худои ҷовидонро хонд. Ҳастӣ 21,33

Ал-Қодир

На бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо. Закарё 4,6

Ал-Муқтадир

Вақте ки ғайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ пешкашӣ таъин шуда буданд, имон оварданд Аъмол 13,48


Ал-Муқаддим

Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад. Қӯлассиён 1,18

Ал-Муаххир

Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ... ва қавмҳои бисёр роҳсипор мешаванд.

Ишаъё 2,2 ва 3

Ал-Аввал

Ман Аввалин ҳастам, ва Ман Охирин ҳастам, ва ғайр аз ман Худое нест. Ишаъё 44,6

Ал-Охир

Ва ба фариштаи калисои Исмирно бинавис: Аввалин ва Охирин, ки мурда буд ва зинда шуд чунин мегӯяд. Ваҳӣ 2,8

Аз-Зоҳир

Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст. Ваҳӣ 15,4


Ал-Ботин

Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард. Ирмиё 33,3

Ал-Волӣ

Биёед ва корномаҳои Худоро бубинед, ... Бо қудрату худ бар ҷаҳон ҳукмфармост; чашмони Ӯ ба халқҳо менигарад.

Забур 65,5 ва 7

Ал-Мутаъолӣ

Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост, ва онро ба ҳар ки бихоҳад, медиҳад. Дониёл 4,25

Ал-Барр

Тарси Худованд пок аст, то абад мемонад. Забур 18,10

Ат-Таввоб

... бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд? Румиён 2,4


Ал-Мунтақим

Худованд Худои интиқомҳост; эй Худои интиқомҳо, таҷаллии намо! Забур 93,1

Ал-Афув

Зеро ки Ту, эй Худованд, нек«ӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд.

Забур 85, 5

Ар-Рауф

Худованд раҳим ва бахшанда аст.

Забур 102,8

Молик-ул-Мул

Туро, эй Худованд, ҳамаи подшоҳони замин ҳамд хоҳанд гуфт. Забур 137, 4

Зу-л-Ҷалоли ва-л-Икром

Худовандо, Худои мо! Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!

Забур 8,2


Ал-Муқсит

Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Хукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад!

Дониёл 2,47

Ал-Ҷомеъ

Худованд Худо, ки рондашудагони Исроилро ҷамъ меоварад, мегӯяд: «Ба замми онҳое ки ҷамъ омадаанд, Ман боз ҷамъ хоҳам овард.» Ишаъё 56.8

Ал-Ғани

Ба замин назар карда, онро сероб камудаӣ. Забур 64,10

Ал-Муғни

Ки ба онҳо Худо таваҷҷуҳ  намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам.

Қӯлассиён 1,27

Ал-Монеъ

Зеро ки Худованд Худо офтоб ва сипар аст; Худованд меҳр ва ҷалол хоҳад бахшид; касони ростравро аз некӯи маҳрум нахоҳад кард. Забур 83,12


Ад-Зорр

Ва ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга зад. Забур 105,40

Ан-Ноф

Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт. Ҳастӣ 6,8

Ан-Нур

Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд. Ишаъё 60,19

Ал-Ҳодӣ

Лекин, чун Ӯ, яъне Рӯҳи Ростӣ, оядшуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард. Юҳанно 16,13

Ал-Бадиъ

Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯсторони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз ба нафъашон ёрдам медиҳад. Румиён 8,28


Ал-Боқӣ

Велекин Ту ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд. Фарзандони бандагони Ту сокин хоҳанд шуд, ва зурёти онҳо пеши Ту барқарор хоҳанд буд.

Забур 101, 28 ва 29

Ал-Ворис

Худованд Худои Исроил мулки онҳост.

Ехушаъ 13,33

Ар-Рашид

Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад. Забур, 24,9

Ас-Сабур

Зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ. Юнус 4,2


Худо муҳаббат аст

Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай.  1. Юҳанно 4,16




<< Башорат