Хуш омадед ба
www.dardidil.com

 

Саволҳои Одамон - 5

 

БОБИ 47


ЧӢ ХЕЛ КАЛИСО ШОМИ ОХИРРО ҶАШН МЕГИРАД?


Калисо қарор хоҳад кард, ки чанд вақт Шоми Охирро ҷашн гиранд. “ҳар чанд боре, ки ин корро кунед, онро ба хотири ман кунед." Баъзе калисоҳо Шоми Худовандиро як бор дар як моҳ ҷашн мегиранд. Баъзеи дигарҳо онро дар се моҳ як бор ҷашн мегиранд.


Вақте ки калисо Шоми Охирро ҳар рӯзи Якшанбе ва ё ҳар моҳ ҷашн мегирад, он ба монанди маросимҳои муқаррарӣ шуда баъзе ҷиҳатҳои махсуси худро гум мекунад. Агар Шоми Охир дар чор моҳ як бор ҷашн гирифта мешавад, мақоми он аз хидматгузориҳои ибодатии мунтазам баргузоршуда бузургтар хоҳад буд.


Шоми Охир маросими ба ёд орӣ аст – он вақти ба хотир овардани марги Исо дар салиб мебошад. Ду чиз- нон ва шарбат дар Шоми Охир истифода бурда мешаванд, ки онҳо рамзи ҷисми шикасташуда ва хуни исо мебошанд.


Ҷашнгирии Шоми Охир вақти расмӣ ва муқаддас мебошад. Он бояд дар рӯҳияи ҳурмату эҳтиром ва парастиш баргузор гардад. Оромӣ ва ибодат бояд ҷоеро, ки он ҷо ин маросим мегузарад пур кунад.


ОМОДАГӢ БА ШОМИ ОХИР


Маросимро бояд кӣ гузаронад?


Одатан ин маросимро роҳиб мегузаронад, вале ҳамчун ҳар касе, ки калисо ба ӯ иҷозат додааст метавонад Шоми Охирро пеш барад. Он касе, ки маросимро сарварӣ мекунад ва онҳое, ки ба ӯ ёрӣ медиҳанд дар калисо мақоми баланд дошта бошанд. Онҳо бояд соҳиби обрӯю эҳтиром бошанд. Зарур нест, ки сарварро таъин кунанд ё ӯ маълумоти махсус дошта бошад.


Кадом омодагиҳоро зарур аст пеш аз маросим иҷро кард?


Сарвар бояд донад, ки тартибу низоми бояду шояд ҷорӣ шудааст. Дар пеши ҷои маҷлис мизи хурдеро бо шарбат ва нон бояд гузошт.


Сарвар бояд бифаҳмад, ки касе барои харидан ва тайёр кардани шарбат ва нон вазифадор аст.


Сарвар бояд бинад, ки пеш аз омадани одамон ба маросим ҳама чиз тайёр бошанд ва дар ҷояш бошанд.


Сарвар бояд донад, ки то саршавии маросими ёдгорӣ Ӯ ба чӣ кор машғул шавад. Ӯ бояд донад, ки ба Ӯ дар гузарондани Шоми Охир кӣ ёрӣ медиҳад. Хуб мешавад, онҳо якҷоя ҳар қадами маросимро пешакӣ аз назар гузаронанд, то ин ки онҳо бидонанд чӣ мекунанд ва ба ҳамдигар боварӣ дошта бошанд.


Кӣ ба сарвар ёрӣ медиҳад?

Ин ба андозаи аъзоёни калисо вобастагӣ дорад. Агар калисо майда бошад, ду одам кифоя ҳаст. Ин ду одам шарбат ва нонро ба одамон тақсим мекунанд. ҳамчунин пеш аз тақсимкунии шарбату нон онҳо метавонанд дуо гӯянд.


Чизҳое, ки дар Шоми охир истифода бурда мешаванд, кадомҳоянд?


Нон – Одатан (нони бе хамирмоя) фатир истифода мешавад чунки Исо Шоми Охирро дар давраи Иди Фисҳ гузаронд. Барои ин хӯрок фатир (нони бе хамирмоя) истифода шуд.


Бисёр калисоҳо кулчақандҳои муқаррариро истифода мекунанд. Агар кулчақандҳо истифода шаванд онро пора мекунанд ва онҳоро дар табақчаҳо мемонанд. Баъзе калисоҳо барои маросими Шоми Охир нони махсусро харидорӣ мекунанд. Он аллакай пора шудааст ва барои истеъмол тайёр аст.


Шароб – Бисёр калисоҳо шарбати ангурро истифода мебаранд, ки меваи шароб аст. Онро дар бисёр мағозаҳои баққолӣ харид кардан мумкин аст.


Нон ва шарбатро чӣ хел тайёр мекунанд?

Нон бояд ба қисматҳои хурд пора шавад, ки андозааш бояд аз ним дюйм (1 дюйм – 454см ) калон набошад, ва онро болои табақчаҳо мегузоранд. Аз миқдори зарурӣ каме зиёдтар тайёр кунед.


Шарбат бояд ба ҷомҳои ( стакан ) хурд рехта шавад. Ин ҷомҳоро дар бисёр дӯконҳои китобфурӯшии Масеҳӣ харид кардан мумкин аст. Калисо метавонад онҳоро солҳои дароз истифода кунад. Агар ин хел ҷомҳоро ёфтан наметавонанд, ҷомҳои муқаррариро низ ба кор бурдан мумкин аст. Аз миқдори зарурӣ каме зиёдтар тайёр кунед.


Калисо чизҳои истифодашударо таъмин мекунад.


Ҳамаи ин чизҳо бояд аққалан як рӯз пеш аз маросими ёдгорӣ гирифта шаванд ва як соат пеш аз оғози маросим тайёр карда шаванд. Мизи бо чизҳои зарурӣ дар он бояд пеш аз омадани аъзоён тайёр карда шавад.


Мизи бо чизҳои заруриро бояд бо матоъ мепӯшонанд. Ин матоъ то он вақте ки сарвар шарбату нонро ба одамон тақсим накунад аз болои миз гирифта нашавад.



ҶАШНГИРИИ ШОМИ ОХИР


Қисми аввали маросими ёдгорӣ вазъ мебошад, ки ба Шоми Охир бахшида мешавад.


Дар аввали маросим сарвар бояд аҳамияти Шоми Охирро ба аъзоён гӯяд. Ӯ бояд бигӯяд, киҳо метавонанд ширкат кунанд ва киҳо не. Инро бо чунин тарзе кунад, ки ҳеҷ касро наранҷонад. Шоми Охир танҳо барои имондорони таъмидёфта мебошад.


Дар зер тартибу низоми маросим оварда шудааст:


Аъзои Калисо :Хондани Навишта – Луқо 22:7-20


Роҳиб мегӯяд :ҳозир мо Шоми Охирро ҷашн мегирем. Ин

Шоми ёдбудро мо барои ба хотир овардани

ҷисми шикаста ва хуни рехтаи Исо ҷашн

мегирем.


(Ёрдамчиён ба пеш мебароянд ва паҳлӯи миз меистанд.)



Роҳиб мегӯяд :Библия ба мо мегӯяд, ки дар хотимаи иди

Фисҳ, ки Исо бо шогирдонаш ҷашн гирифта

буд, ба Ӯ хиёнат карданд. Ӯ нонро гирифта

онро баракат дод, пора кард, ва ба

шогирдонаш дода гуфт, “Ин бадани ман аст,

ки барои шумо таслим карда мешавад."


Яке аз ёрдамчиён дуо мекунад.


Роҳиб табақро барои тақсим кардан барои аъзоён ба ёрдамчиён медиҳад.



Роҳиб мегӯяд :Хоҳиш мекунам то он даме, ки ба ҳамаи

аъзоён нон тақсим нашудааст, нонро нигоҳ

доред.


Вақте ки ба ҳамаи аъзоён нон дода шуд, ёрдамчиён ба назди мизи ёдбудӣ бармегарданд. Роҳиб ба ёрдамчиён нон медиҳад, ва ёрдамчиён ба роҳиб нон тақдим мекунанд.


Роҳиб пораи нонро гирифта онро мебардорад, то ин ки ҳамаи аъзоён онро бинанд.



Роҳиб мегӯяд: “Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на

ончунон ки падарони шумо маннро хӯрданд

ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то

абад зинда хоҳад монд." Юҳанно 6:58


Роҳиб нонро мехӯрад ва аъзоён низ ҳамчунин мекунанд.



Роҳиб мегӯяд :ҳамон шаб Исо косаро гирифта, онро

баракат дод, онро ба шогирдон дода гуфт,

Ин хуни Ман аст, ки барои шумо рехта

шуда аст."


Яке аз ёрдамчиён дуо мегӯяд.


Роҳиб шарбатро барои тақсимкунӣ ба ёрдамчиён медиҳад. Баъди тақсимкунӣ ёрдамчиён ба назди мизи ёдбудӣ бармегарданд.


Роҳиб ба ёрдамчиён шарбат медиҳад, ва ёрдамчиён ба ӯ шарбат медиҳанд.


Роҳиб мегӯяд: қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи

хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун

омурзиш нест. Ибриён 9:22


Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки

Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем,

ва Хуни Писари ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар

гуноҳ пок менамояд. 1 Юҳанно 1:7


Сипас роҳиб аъзоёнро барои нӯшидани косаи шарбат иҷоза медиҳад.



Роҳиб мегӯяд :Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин

косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон

мекунед, то даме ки Ӯ биёяд.

1 Қӯринтиён 11:26



Роҳиб мегӯяд: Баъд аз оне, ки Исо ва шогирдонаш нонро

хӯрданд ва шароб нӯшиданд, Библия мегӯяд,

ки онҳо суруд хонда берун баромаданд. Биёед

вақти рафтан __________хонем. Бигузор Худо

ҳар ки шуморо баракат диҳад.


БОБИ 48


МАРОСИМИ ВАҚФ (ПЕШКАШ) КАРДАН БАРОИ КӮДАК Чӣ ХЕЛ БОЯД ГУЗАРОНДА ШАВАД?


Вақф кардани кӯдакро бо таъмиди кӯдак як гумон накунед. Имондорони Библия кӯдакони худро “таъмид” намедиҳанд чунки ин дар Библия таълим дода нашудааст. Ин бар хилофи таълимоти Библия оид ба таъмид мебошад. Таъмид ҳаргиз ба ҳеҷ кас наҷот намеорад, на ба кӯдакон ва на ба калонсолон. Наҷот он вақт меояд, агар кас аз гуноҳояш тавба мекунад ва бошуурона ба Исо ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди худ имон меорад. Баъзе калисоҳо маросими вақфи кӯдаконро намегузаронанд, чунки онҳо метарсанд атрофиён онро барғалат мисли таъмиди кӯдак мефаҳманд.


Ин хуб аст, ки волидайн фарзандонашро ба Худо пешкаш мекунанд. Волидайне, ки намехоҳанд дар пеши ҳамагон фарзандонашонро пешкаш кунанд, метавонанд фарзандонашонро маҳрамона ба Худо вақф кунанд.



Барои волидайн пешкаш кардани фарзандон ба Худо чӣ маънӣ дорад?


Ин мавридест, ки волидайн бошуурона фарзанди худ ва ояндаи ӯро ба Худо пешкаш мекунанд. Онҳо эътироф мекунанд, ки онҳо мехонад, Худо фарзандашонро барои ҷалоли Худ истифода барад.


Ин мавридест, ки волидайн пеши ҳамагон мегӯянд, ки онҳо саъю кӯшиш мекунанд фарзанди онҳо тавассути омӯзиши Навишта аз Худованд бохабар мешаванд ва ӯро дӯст медоранд.


Онҳо пеши ҳамагон изҳор мекунанд, ки фарзанди онҳо содиқона калисоеро, ки Каломи Худоро таълим медиҳад, аёдат хоҳад кард.

Онҳо изҳор мекунанд, ки онҳо шахсан чунин зиндагӣ хоҳанд кард, ки фарзандонашон дар ҳаёти ҳаррӯзаашон Масеҳро бинанд.


Вақти пешкаш кардан, мавридест, ки волидайн худро ба рушди фарзандашон дар роҳи Худошиносӣ ва имон ба Библия мебошанд.



Асоси Библия дар бораи маросими пешкаш кардан кадом аст?


Дар 1 Подшоҳон мо дар бораи зани Худопараст мехонем. Ӯ ба Худо дуо кард, ки ба Ӯ писар бахшад. Баъд аз он ки Худо ба Ӯ ҷавоб дод, Ӯ писарашро ба Худованд пешкаш кард. Дар Навишта чунин омадааст: Ва назр намуда, гуфт: “Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ , ва маро ба ёд оварӣ , ва канизи Худро фаромӯш накунӣ , ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ , ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари Ӯ нахоҳад расид."Ва баъд аз муддате ҳанно ҳомила гардида, писаре зоид, ва номи ӯро Самуил хонд, зеро ки ӯро аз Худо талабидаам, гуфт вай." Ва ҳангоме ки ӯро аз сина ҷудо кард, як наргови сесола, як эфа орд ва як машк шароб гирифта, бо ӯ баромад, ва ӯро ба хонаи Худованд ба Шилӯ овард; ва писар ҳанӯз хурд буд. 1 Подшоҳон 1:11, 20, 24


Дар хонаи Худованд ӯ гуфт: “Барои ҳаминписар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд. Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд." Ва дар он ҷо Худовандро ибодат карданд. 1 Подшоҳон 1:27-28


Дар Такрори Шариат 6:5-7 чунин омадааст, Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор. Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад. Ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо. Такрори Шариат 6:5-7


Павлус ба Тимотиюс навиштааст, Лекин ту дар он чӣ таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ , қоим бош, чун медонӣ , ки туро кӣ таълим додааст; Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ , ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст. Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад. 2 Тимотиюс 3:14-17


Шумо хоҳед фаҳмид, ки Библия ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон ҳаст. Барои ҳар имондор табиӣ ҳаст, ки бо тамоми дилу ҷон барои омӯхтани Библия ба фарзандонаш шароитҳои мусоидро фароҳам орад.


Библия мегӯяд, Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед. Эфсӯсиён 6:4


Ин ваъдаест, ки волидайн дар маросими пешкаш кардан медиҳанд – то ин ки фарзандонашонро дар роҳи таълимот ва насиҳатҳои Масеҳӣ ба воя расонанд.


Аз оятҳои пештараи Библия, рӯшан мешавад, ки барои таълимот ва насиҳатҳои динӣ танҳо як китоби боварибахш – Каломи Худо, Библия мебошад. ҳеҷ ягон китоби дигар Библияро иваз карда наметавонад.


Муҳаббат мавзӯи асосии Библия мебошад. ҳар касе, ки аз олами боло таваллуд ёфтааст мехоҳад ҳар чизи беҳтарин барои фарзандаш бошад, ва роҳи Библия роҳи беҳтарин аст, ва роҳи ягонае, ки ба биҳишт мебарад. Аз сабаби муҳаббат, волидайне, ки аз олами боло таваллуд ёфтаанд, мехоҳанд фарзанди онҳо низ аз сулҳу осоишӣ , хурсандӣ ва зиндагии мақсаднок баҳравар гардад.



Кӯдак бояд кай пешкаш шавад?


Ин дар ҳар мавриде, ки барои волидайн мувофиқ аст ба ҷо оварда мешавад. Баъзеҳо вақтеро интихоб мекунанд, ки кӯдаки онҳо як ё ду моҳ дорад.


Ин маросим одатан қисми хидматгузории доимии ибодатӣ мебошад. Он метавонад дар аввал ва ё дар анҷоми хидматгузорӣ ба амал оварда шавад. Ин як ҳодисаи хеле ҷиддӣ аст ва бо эҳтироми амиқ ҷашн гирифта шавад.



Маросими пешкашкуниро кӣ роҳбарӣ мекунад?

Одатан ин маросимро роҳиб сарварӣ мекунад. Агар калисо роҳиб надорад, яке аз аъзоёни калисоро барои бурдани ин маросим интихоб мекунанд. Сарвари ибодати метавонад маросимро ба таври бояду шояд пеш барад. Барои пеш бурдани маросим ягон омӯзиш ё “таъинкунӣ ” лозим нест. Шахс бояд соҳиби обрӯю эҳтиром ва сарсупурдаи Худо бошад.


Маросимро чӣ хел пеш мебаранд?


  1. Волидайн ва кӯдаконро даъват мекунанд, ки дар пеш нишинанд.


  1. Сарвар мақсади пешкашкуниро маънидод мекунад. Ӯ мефаҳмонад, ки ин маросим ба кӯдак наҷот намеёбад.


  1. Баъзе ё ҳамаи Навиштаҳоро метавонанд дар ин дарс хонанд.


  1. Волидайн дар пеш, рӯ ба рӯи сарвар рост меистанд. Онҳо кӯдакҳоро ба даст мегиранд.


  1. Сарвар ба волидайн метавонад чунин бигӯяд,


Дар пеши Худо ва ҳамаи ин шоҳидон, шумо ваъда медиҳед, ки ______________-ро (ном) дар роҳи Худованд ба воя мерасонед?”



Волидон ҷавоб медиҳанд : Бале, ваъда медиҳем.


Сарвар мегӯяд:

Шумо ваъда медиҳед, ки ба _________________(ном) барои хондани Каломи Худо ба василаи Омӯзиши Библия дар хона ва имкониятҳое, ки калисо пешниҳод мекунад ҳамаи имкониятҳо фароҳам меоред?”


Волидон ҷавоб медиҳанд: Бале ваъда медиҳем.


Сарвар: Барои волидон ва кӯдак дуо мекунад.


Сарвар: Ба волидон шаҳодатномаи пешкашкунӣ медиҳад.

(Додани шаҳодатнома ихтиёрӣ аст.

Шаҳодатномаҳоро аз бисёр дӯконҳо китобфурӯшии

масеҳӣ харид кардан мумкин аст).


Маросим бо табрики волидон аз тарафи аъзоён анҷом меёбад.


БОБИ 49


ВАҚТЕ КИ ДАР ОИЛАҲОИ КАЛИСО ЯГОН ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА РӮЙ ДИҲАД МО БОЯД ЧӢ КОР КУНЕМ?


Мисолҳои ин эҳтиёҷотҳо:


  1. Оила дар харидани дору барои кӯдакӣ касал душворӣ мекашад.



  1. Дар оила мурда аст ва ин оила наметавонад пурра хароҷоташро пӯшонад.



  1. Хонаи яке аз оилаҳо сӯхт.



  1. Тӯфон хонаи яке аз аъзоёнро хароб кард.



  1. Аъзоёни ғайри – калисо ба назди роҳиб барои ёрии пулӣ омаданд.



  1. Гадоён ва фиребгарон ба назди роҳиб омада дар бораи мушкилиҳои пулии худ нақлҳои дароз мекунанд ва аз ӯ ёрӣ талаб мекунанд.


Одамон бисёр вақт назди роҳиб омада фикр мекунанд, ки ӯ метавонад осонакак ба онҳо пул ёбад. (Роҳиб барои истифодаи пулҳои калисо ҳуқуқ надорад).


Роҳиб пул надорад, ки талаботҳои ҳамаро иҷро кунад.Агар ӯ ба як аъзои калисо пул диҳад ва ба дигараш надиҳад, одамон ӯро барои дӯст доштани касе зери танқид мегиранд.


Баъзе вақтҳо дар калисо оилаҳое ҳастанд, ки нисбати оилаҳои дигар пули зиёдтаре доранд, ва ҳангоми ягон эҳтиёҷот одамон доимо ба ин оилаҳо муроҷиат мекунанд. Ин ҳолат барои ин оилаҳо хеле вазнин мешавад.


Калисо бояд чӣ кор кунад? Оё онҳо аз ҳама рӯй гардонда, кӯмак карданро рад кунанд? Ин муносибати масеҳӣ ба эҳтиёҷотҳои одамон нест. Бояд як системае вуҷуд дошта бошад, ки барои оилаи калисо қобили кор аст ва барои ҳамагон адолатнок бошад.



Мисолҳои зерро дида бароед:

Сараввал, аъзоёни калисо бояд бидонанд, ки вақте онҳо ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуданд онҳо қисми оила шуданд. Аъзогӣ ба оила баъзе имтиёзҳо ва вазифаҳоро талаб мекунад.


Вақте ки ягон аъзои оила дарде дорад, тамоми оила бояд, аз ин бохабар бошанд ва масъулияти кӯмак карданро дар ҳолатҳои зарурӣ ҳис кунанд.


Калисо аъзоёнро дӯст медорад ва ин муҳаббаташро хусусан дар мавридҳои эҳтиёҷотҳои калон зоҳир мекунад. Мушкилӣ ё ҳолати фавқулодда дар оила на фақат дар гардани роҳиб ё як оилаи калисо мебошад. Ин вазифаи ҳамаи ҷисм, калисо мебошад.


Он шахсе ки фарзанди ҳақиқии Худо аст шитобон кӯмак намепурсад. Фарзандони Худо ҳисси шаъну шараф доранд, ки барои онҳое ки аз олами боло таваллуд нашудаанд маълум нест. Одамон бояд тамоми саъю кӯшишашро ба харҷ диҳанд то ин ки эҳтиёҷотҳои худро таъмин кунанд. Аз ин масъулият сар мешавад. Агар ӯ эҳтиёҷоти худро дар дохили оилаи биологӣ ҳал карда наметавонад, Ӯ сипас ба оилаи калонтар – калисо меравад.




Бо чунин тарз калисо метавонад эҳтиёҷотҳои аъзоёнро

таъмин кунад:



  1. Кумитаи хайрия интихоб шавад.


Интихоби ин кумита дар интихоботи солонаи кормандони калисо, муаллимҳо, кумитаҳо ва ғайраҳо гузаронда мешавад. Ин кумита ба монанди кумитаҳои дигар тӯли як сол вазифаашро иҷро мекунад. Соли дигар аъзоёни ин кумита иваз мешаванд.


Ин кумита метавонад 3-5 нафар аъзо дошта бошад. Аъзоёни кумита бояд дар фаъолияти калисо содиқона иштирок кунанд. Онҳо бояд бохирад ва рӯҳан болиғ бошанд. Хуб мешуд, агар роҳиб аъзои ин кумита набошад.



  1. Ҳар касе ки ба кӯмак эҳтиёҷ дорад, бояд пеш аз муроҷиат кардан ба калисо бо аъзоёни ин кумита вохӯрад.



  1. Кумита ҳуқуқ надорад талаби ҳар кӯмакпурсандаро иҷро кунад. Онҳо бояд эҳтиёҷоти оиларо шунаванд. Баъди омӯзиш бодиққати талаб, кумита тавсияномаҳои худро ё дар маҷлисҳои кории доимӣ ё дар маҷлиси махсус даъватшуда ба калисо медиҳад.



  1. Калисо, дар асоси тавсияномаҳои кумитаи хайрия, қарор худро мебарорад. Калисо маҷбур нест, ки ба тавсияномаҳои кумита пурра иҷро кунад.


Вақте ки кумита ба калисо ҳисобот медиҳад, онҳое ки ба кӯмак ниёз доранд метавонанд дар аввал, вақте ки талаби онҳо пешниҳод мешавад иштирок кунанд. Вале баъдтар онҳо бояд аз хонаи маҷлис берун бароянд, то ин ки аъзоён тавонанд талабашонро рӯиросту равшан мавриди баҳс қарор диҳанд ва ба як қарор биёянд.

  1. Баъзе хоҳишҳо ҳастанд, ки зарурияти ба тамоми калисо пешниҳод кардани онҳо нест. Кумитаро зарур нест он хоҳишҳое, ки ба фикри онҳо дурӯғину аз тарафи гадоёну фиребгарони касбӣ ҳастанд, дида барояд.


Ин системаи оддӣ имкон медиҳад, ки калисо як оилаи меҳрубон шавад, ва барои онҳое, ки ҳақиқатан ҳам ба ёрӣ ниёз доранд кӯмак мекунад.


Ин ба калисо имкон медиҳад дар кӯмак кардан ба ниёзмандон иштирок кунад. Пуле, ки барои пӯшондани эҳтиёҷот истифода мешавад аз фондҳои калисо ва хайрияҳои аъзоён гирифта мешавад.


Ин роҳибро аз корҳои, кӣ бояд ёрӣ диҳад, чӣ қадар бояд ёрӣ диҳад, ва аз куҷо маблағ ёфта шавад озод мекунад.


Вақте ки касе ба назди роҳиб барои ёрии молиявӣ биёяд ӯ чӣ кор кунад? Ӯ бояд чунин хоҳишҳоро ба кумитаи хайрия роҳӣ кунад.


Роҳиб набояд бе иҷозаи кумита ин хоҳишро бевосита ба калисо фиристонад.


Масъулияти ин кумитаро бояд ҳамаи аъзоёни калисо фаҳманд.



БОБИ 50


ЧӢ ХЕЛ КАЛИСО ДАР БАЙНИ АЪЗОЁН ИНТИЗОМ (DISCIPLINE) ҶОРӢ МЕКУНАД?


Аввал мо бояд маънои интизомро бифаҳмем. Бисёр вақт мо дар бораи интизом ҳамчун ҷазои ислоҳкунанда фикр мекунем. Ин танҳо як қисми интизом аст. Мо ба ду ҷанбаи интизом, - ислоҳкунанда ва инкишофӣ назар меандозем.


ИНТИЗОМИ (DISCIPLINE) ИНКИШОФӣ


Discipline” (интизом) ва “Disciplе” (шогирд, пайрав) аз як реша ҳастанд. Маънии он таълим додан, ҳидоят кардан, роҳнамоӣ кардан мебошад. ҳар калисо бояд ба ин тарз фаъолият гирифтор бошад. ҳамаи барномаҳои калисо бояд бо ҷорӣ кардани интизом байни аъзоён сару кор дошта бошанд. Интизоми инкишофӣ ба имондорон дар фаҳмидани муносибати байни ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо ва мақсади Худо ёрӣ медиҳад, ва барои иҷрои ин мақсадҳо ба онҳо кӯмак мекунад. Исо дар бораи интизом, ҳангоми гуфтугӯ бо шогирдон ҳарф зада буд. “Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед. Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам." Омин. Матто 28:19-20


Вақте ки калисо ба таври ҷиддӣ интизоми инкишофиро вазифаи худ медонад, ба интизоми ислоҳкунанда ниёз намемонад. Калисо масъулиятдор аст сохторҳои (структура) ташкилӣ ва барномаҳоро таъмин кунанд ва ба ҳар як аъзо имконият диҳанд масеҳии хуб шавад. Агар аъзо аз рушд тавассути иштирок дар вохӯриҳо ва барномаҳои таълимӣ саркашӣ кунад, ӯ ба таваҷҷӯҳ ва пуштибонии махсус эҳтиёҷ дорад. Ин амали пуштибони қисми интизоми инкишофӣ хоҳад шуд.


Бисёр калисоҳо дар бораи онҳое ки ба гуноҳ “ғӯтидаанд”, ва аз ҳаёти калисо тамоман дур шудаанд дар ташвиш ҳастанд. Бисёр калисоҳо кӯшиш намекунанд, ин одамонро зери таъсири худ гиранд. Воситаи беҳтарини аз гумроҳшавӣ дур кардани аъзоён, ин ҷорӣ кардани барномаҳои ҳаётӣ ва мувофиқи таълимӣ мебошад ки аз рӯзи аввали ба калисо омадани одам оғоз мешавад. Ин маънои онро дорад, ки нуқтаи оғозкунии интизоми инкишофӣ бояд ба таври бояду шояд ба нақша гирифта шавад. Ду ё се ҳафта барои ин омӯзиш кофӣ нест. Баъзеҳо пешниҳод мекунанд, ки аз ду то дувоздаҳ моҳи омӯзишҳои махсус барои ҳар аъзои нав ҷудо шавад. (Ин маънои онро надорад, ки аъзои нав фавран ба фаъолияти калисо гирифтор намешавад).


Танҳо як хидматгузории ибодатӣ дар як ҳафта барои интизоми инкишофӣ кифоя нест. Одамон ба омӯзишҳои шовагии Библия, вақти иловагӣ барои дуо, ва вохуриҳо бо имондорони дигар ниёз доранд.



ИНТИЗОМИ ИСЛОҲКУНАНДА


Бо интизоми ислоҳкунанда мо ислоҳкунӣ , ба роҳи рост ҳидоят кардан ва бардоштани он касе, ки ба гуноҳ афтидааст дар назар дорем. Ин ҳама вақт омурзонанда ва муфид аст. Инро ҳаргиз дар вақти қаҳрӣ будан, барои қасд гирифтан ё барои ба касе осеб расондан ба амал набояд овард. Ислоҳкунӣ дар муносибати меҳрубононаи масеҳӣ бисёр вақт ранҷовар аст вале он зарур аст. Калисое, ки дӯст медорад, он аъзоёнеро, ки ба гуноҳ ғӯтидаанд ислоҳ мекунад.



Чаро калисо интизоми ислоҳкуниро амалӣ намекунад?


  1. Аз сабаби набудани ташвиш дар бораи аъзоёни калисо.


  1. Аз сабаби он ки калисо моҳияти худро ҳамчун бадане, ки ба монанди сари худ, Исо сохта шудааст дарк намекунад.

  2. Аз сабаби он ки ин ба ҳисси нафси аъзоён дарднок аст.


  1. Аз сабаби он ки “ҳамаи мо гуноҳгор ҳастем ва мо кӣ ҳастем, ки сангро ба қолаб андозем?”


  1. Аз сабаби надонистани он ки ин масъулияти калисо аст.


Дар Аҳди ҷадид се ҷанбае ҳастанд, ки ба интизоми ислоҳкунӣ эҳтиёҷ доранд: Инҳо: гуноҳ кардан ба бародар, фосид шудан аз ҷиҳати маънавӣ , ва таълимоти барғалат.



Гуноҳ кардан ба бародар – Матто 18:15-17


Дар ин порча Исо дар бораи он ки Масеҳӣ бояд чӣ кунад, вақте ки бародари Масеҳии муқобили Ӯ гуноҳ мекунад. Ӯ бояд назди бародар равад ва корҳоро бо хубӣ ҳал кунад. Агар бародар ба гарҳои ӯ гӯш намедиҳад, ӯ бояд як ё ду нафар аъзои калисоро бо худ гирифта боз кӯшиши ба роҳи рост ҳидоят кардани ӯро кунанд. Агар бародар ба гапашон гӯш диҳад ва дар байни онҳо фаҳмиш, бахшиш ва муҳаббат аст, пас Худо ҳамаи онҳоро баракат дод ва онҳо хушбахт ҳастанд. Агар бародар ба гапи онҳо гӯш намекунад, бо ӯ ҳамчун бо “бутпараст” муносибат мекунанд.


Чӣ хел мо ба “бутпараст” муносибат кунем? Мо бояд онҳоро дӯст дорем ва барои онҳо дуо кунем.



Фосидшавӣ аз ҷиҳати маънавӣ – 1 Қӯринтиён 5:1-13; 2 Қӯринтиён 2:4-11.


Дар калисои қӯринтӯс проблемаи фосидшавӣ аз ҷиҳати маънавӣ ба миён омад. Аъзои калисо бо зани падари худ ҳамхоба шуд. Павлус дар бораи он ки калисо ҳеҷ амале накард хеле ошуфтаю нороҳат буд. Ӯ онҳоро барои муғамбирӣ сарзаниш кард, ҳоло он ки онҳо ба монанди кофирон зиндагӣ мекунанд.


Аз ин порча мо баъзе чизҳо дар бораи интизоми ислоҳкунӣ меомӯзем.


  1. Гуноҳи фосидшавии маънавиёт дар калисо харобовр аст.


  1. Павлус пеш аз оне ки ба қароре омад, ки бо марди хатокор кор бояд кард ду бор андеша кард.


  1. Тозагии бадан – калисо бояд бехатар бошад. Дар оятҳои 6-7 Павлус дар бораи таъсири харобиовари гуноҳ сухан мекунад. Он ба мисли хамиртуруш аст, ки тамоми хамирро туруш мекунад. Ӯ гуфт, “Хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед."


  1. Дар ояти 13 Павлус мегӯяд, “Пас шумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед." Ин нишонаи хориҷкунӣ аз бадан мебошад. Оё инро бо умед ба кафорати охир метавон кард? Бале. Дар ояти 5, Павлус мегӯяд, Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рӯҳаш дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад. Павлус мегӯяд, ки интизом аз ду сабаб зарур аст: яке барои некӯаҳволии худи ин шахс, ва дуюм, барои некуаҳволии калисо.


  1. Ин проблемаи хеле ҷиддии калисо аст, ки аъзои калисо кушоду равшан ҳаёти фосиқона бурда истодааст ва ба институтҳои асосии ҳаёти оилавӣ зери хатар монда истодааст. Обрӯю эҳтироми калисоро ҳифз кардан аз дар сафҳои худ нигоҳ доштани ин аъзои исёнкор муҳимтар аст.


  • Калисо ба аъзое, ки ба ғайр аз ҳамсар боз маъшуқа дорад чӣ мекунад?

  • Калисо ба роҳибе, ки маъшуқа ва ё ҳатто зани дуюм дорад чӣ мекунад?

  • Калисо ба аъзое, ки худро ба ҳаёти пургуноҳ мебахшад чӣ мекунад?


ҳамаи мисолҳои дар боло зикршуда бояд фавран мавриди ҳалу фасл қарор гиранд. Бе ҳеҷ таъхир ин аъзои калисо бояд аз мақомҳои роҳбарикунандаи калисо гирифта шавад. Ӯ бояд дигар имконият надошта бошад, ки аз имтиёзҳои аъзогӣ истифода барад ва дар овоздиҳию иштирок дар Шоми Охир дур шавад.


Аъзои хатокори калисо бояд имконияти тавбакунӣ ва дигаршавӣ дошта бошад. Онҳоеро ки тавба карданд ва баъди муддате нишон доданд, ки ҳаёташон иваз шуд, ҳаёти нав интизор аст. Вақте ки тавбаи ӯ ҳақиқӣ аст ва дар кору рафтори ӯ тағъиротҳои возеҳ ба чашм мерасонд, имтиёзҳои аъзогии ин шахс боз аз сари нав барқарор мешаванд.


Ба 2 Қӯринтиён 2:4-11 диққат диҳед. Дар ин ҷо мо муҳаббат ва тарафи бахшояндаи интизоми ислоҳкунанда мебинем. Павлус имон дошт, ки омурзиш ба ҳар касе ки тавба мекунад расонда шавад. Муносибати дурушт, берун кардан аз кори калисо ва гирифтани ҳамаи ҳуқуқҳо аз аъзои калисо ин кӯмак ба бародари дар гуноҳ ғӯтида мебошад. Ин муҳаббат аст. Роҳиб ва аъзое, ки ҳаёти шаҳвонии фосиқона дорад ва ба он ҳамчун ба як амали ночиз нигоҳ кардан нишонаи муҳаббат нест. Мавриде аст, ки аъзо ба гуноҳ меафтад вале то ҳоло ин тарзи ҳаёташ доимӣ нашудааст. Ба ин хел одамон бояд ёрӣ дод, вале дур кардан аз вазифаҳо ва имтиёзҳо зарур нест. Инҳо ҳамчун интизоми пешгирикунанда ҳисоб мекунанд. Ёрии фавран метавонад инкишофи гуноҳро пешгирӣ кунад.



Таълимоти барғалат – 1 Тимотиюс 6:3-5; 2 Юҳанно 9-11


Дар 1 Тимотиюс, Павлус Тимотиюсро аз дӯстӣ бо онҳое, ки ақидаҳои барғалатро таълим медиҳанд ва ё фалсафахонию сафсатагӯиро дӯст медоранд ҳушдор додааст.

Дар 2 Юҳано, Юҳанно аз дӯстӣ бо онҳое, ки ақидаашон аз таълимоти Масеҳ дигар аст ҳушдор медиҳад.


Аз ин оятҳо мо мефаҳмем, ки ба ин хел одамон имкон дода нашавад бо калисо ҳамкорӣ кунанд, агар онҳо ба таълимоти козибона майл доранд. Бародаре, ки дар калисо ба таълимоти козибона мепардозад бояд аз тарафи калисо ислоҳ шавад. Ин ислоҳкунӣ набояд дар рӯҳияи ҳавобаландӣ ва худпарастӣ карда шавад, балки дар рӯҳияи муҳаббати фурӯтаннона карда шавад.



Калисо метавонад барои кор бо интизоми ислоҳкунӣ кумитаи кормандон интихоб намояд.


Калисо бояд кумитаи кормандонро ( personnel ) ҳангоми интихоби солонаи муаллимон ва кормандон интихоб мекунад. Ин кумита барои ҳалли проблемаҳои дохили калисо, ба мисли онҳое, ки дар ин дарс нишон дода шудаанд, масъулиятдор аст.


Ин кумита бояд аз масеҳиёни комил иборат бошад.


Муҳим аст, ки аъзоёни ин кумита сухансин набошанд. Онҳо бояд сирру асрорро нигоҳ дошта тавонанд. Ё овоза бошад ё далел, дар бораи проблемаи одамон кушоду равшан ҳарф набояд зад.


Кумита бояд аз 3-5 аъзо иборат бошад.


Роҳиб бошад аъзои ин кумита набошад.


ҳар хабар дар бораи гуноҳи ҷиддӣ дар байни аъзоён (далел ё овоза) бояд ба ин кумита хабар дода шавад ва кумита бояд ин амалро мавриди ҳаллу фасл қарор гирад.


Агар ин ҳақиқатан ҳам проблемаи ҷиддӣ аст, кумита бояд бо онҳо ки ба ин гуноҳ гирифтор ҳастанд гуфтугӯ кунад, ва кушиш кунад проблемаро ҳал кунад. Агар ин проблемаи ҷиддӣ аст, ба кумита зарур аст ҳисобот ва тавсияҳояшро ба калисо диҳад.


ХУЛОСА


ҳар калисо бояд ба роҳ мондани интизомро дар бадани худ санҷад.


ҳар калисо бояд талаб кунад:


Оё мо интизоми мусбӣ ва инкишофёбанда дорем, ки ҳамаи аъзоёнро барои иштирок дар барномаи Худовандии омурзиши ҷаҳон таълим медиҳад? Чӣ тарз мо халқи худро беҳтар таълим диҳем? Кадом барномаҳои навро мо илова кунем? Оё муҳаббати мо кофӣ аст, ки ҳангоми зарурат интизоми ислоҳкунандаро ҷорӣ кунем? Оё мо аъзое гумроҳшударо ислоҳ кунем, агар чӣ ӯ ба калисо пули зиёде медиҳад?


Калисое ки дӯст медорад, интизомро барои шаҳодати худ, ба хотири ҳаёти фардии калисо, ба хотири ҷаҳони пургуноҳ ва ба хотири овардани ҷалол ба Масеҳ амалӣ мекунад.







БОБИ 51


ОЁ МО МАҶЛИСИ КАЛОН ДОШТА БОШЕМ?


Масъалаи гузарондани маҷлиси калонро (маҷлиси инҷилӣ ) худи калисо ҳал мекунад.


Аъзоён бояд ба қароре оянд, ки:


  1. Оё маҷлис лозим аст.

  2. Таърихи гӯзарондани маҷлис.

  3. Чӣ хел маҷлис эълон карда шавад.

  4. Кӣ сухан мекунад.

  5. Тафсилоти ба нақшагирӣ ва иҷрои маҷлис.


Биёед ба ин панҷ қарор нигоҳ кунем.



Оё калисо мехоҳад маҷлис гузаронад?


Бисёр калисоҳо аз ҳар сол гузарондани маҷлис фоида меоранд. Барои гузарондани маҷлис кори изофа, ба нақшагирӣ ва даромадҳои зиёдатиро талаб мекунад, вале фоидаи руҳониаш барои аъзоён беҳад аст. Агар тайёрии маҷлис пур аз дуо бошад одамон наҷот меёбанд. Вале қарор бояд аз тарафи калисои маҳаллӣ карда шавад. Калисо набояд маҷлисро гузаронад агар хориҷиҳо, ёсарварони ягон ташкилотҳо талаб кунанд.



Оиди таърихи гузаронидани маҷлис?


Инро ҳам калисои маҳаллӣ ҳал мекунад. ҳар калисо барномаи фаъолият, мақсадҳо ва вазифаҳои худро дорад. Рӯзи гузаронидани маҷлис бояд ба нақшаҳо ва фаъолиятҳои калисо мувофиқ ояд. ҳеҷ кас беҳтар аз сарварон ва аъзоён барнома ва эҳтиёҷоти калисоро намедонад. Барои ҳамон калисоҳои як минтақа дар як вақт гузаронидани маҷлис ғайри қобили қабул аст. Агар калисоҳо ин маҷлисро дар як рӯз гузаронанд дар ёфтани воиз мушкилӣ хоҳанд кашид.


Ки бояд суханронӣ кунад?


Инро ҳар сол метавон тағйир дод. Як сол калисо роҳибро интихоб мекунад, ки мавъиза кунад. ҳамчунин метавонанд роҳиби калисои ҳамсояро барои мавъиза даъват кунанд. Агар калисо аз ҷиҳати пулӣ пурқувват бошад метавонад аз калисоҳои дуртар мавъизакунандаро даъват кунанд. Калисо қарор мекунад киро даъват кунад.


Мавъизакунанда бояд:


  1. Аъзоён бояд ӯро донанд. ҳаёт ва шаҳодати калисо муҳим аст. Ва калисо наметавонад шахси тамоман ношиносро даъват кунад.


  1. Одаме бошад, ки Худовандро дӯст дорад, ҳаёти ахлоқои хубро дошта бошад, ва ба Библия имон дораду онро мавъиза кунад.


  1. Бо забони мардуми оддӣ гап зада тавонад.


  1. Аз ақидаҳои динҳои асосии минтақа бохабар бошад.


  1. Аз фарҳанги маҳаллӣ бохабар бошад.



Маҷлисро чӣ хел эълон мекунанд?


Баъзе вақтҳо барои эълон ва ташкил кардани маҷлис кумитаи махсусро таъсис медиҳанд. Ин қисми хеле муҳими тайёрӣ ба маҷлис мебошад. Кумита бояд муайян кунад, ки барои ташкили маҷлис чанд пул лозим аст. Албатта калисои маҳаллӣ барои ин кор пул медиҳад. Ташкилкунӣ ва эълони маҷлис аз имкониятҳои калисо вобастагӣ дорад. Агар одамон мехоҳанд дар маҷлис иштирок кунанд, онҳо бояд дар бораи ин донанд.


Тартиб додани нақшаи батафсил ва иҷрои онҳо кори калисои маҳаллӣ


  1. Калисо мавъизакунанда ва касеро ки бо ӯ меояд бо хонаю ҷой таъмин мекунад. (Баъзе вақтҳо навозанда бо ӯ меояд). ӯро дар хона ва меҳмонхона ҷой медиҳанд.



  1. Онҳоро аз хӯрок таъмин мекунад.



  1. Калисо хароҷоти роҳи онҳоро мепардозад.



  1. Илова ба хароҷотҳои нақлиёт, калисо бояд ба онҳо пул диҳад.



Маълум аст, ки навъи ташкилкунӣ , ва барои кӯмак ҳангоми маҷлис киро даъват кардан ба тавоноии молиявии калисо вобастагӣ дорад. Вале ҳар калисо барои гузарондани маҷлис солона пули кофӣ доранд. Маҷлиси бомуваффақият он ҳаст, ки пур аз дуо бошад ва пурра аз Рӯҳулқудс вобастагӣ дошта бошад. ҳар аъзоёни калисо, ки тавассути шаҳодат ва даъвати одамон ба маҷлиси шабона дар бомуваффақият гузоштани маҷлис мақоми калон дорад.


БОБИ 52


ЧӢ ХЕЛ КАЛИСО АЪЗОЁНРО БАРОИ ОМӮЗИШИ БИБЛИЯ РӮҲБАЛАНД МЕКУНАД.


Аз ҳама пеш сарвари калисо бояд намунаи хубе барномаи мунтазам, пурсамар ва пур аз шодии омӯзиши Библия нишон диҳад. ҳар касе, ки имон дорад, ки Библия Каломи Худо аст ин омӯзиши барояш пурҳаяҷон хоҳад буд. Ин ҳаяҷон асаркунанда аст. Аъзоёни калисо бояд аз ин огоҳӣ дошта бошанд. Сарвари калисо бояд таслим бигирад, Ки Библияро ҳар сол хонад. Бисёр аъзоёни калисоро зарур аст, ки дар хондани Библия собитқадаму устувор бошанд.


Ҳарчанд аъзоёни калисо даъват шудаанд, ки ба барномаи омӯзиши Библияро оғоз кунанд, ба онҳо зарур аст, ки ҳамеша содиқ бимонанд. Барои инсон табиӣ аст, ки чизеро бо завқу ҳаяҷон сар мекунанд. Ва баъди чанде ин завқ гум мешавад. Бо омӯзиши Библия низ бисёр вақт чунин рӯй медиҳад. ҷавобгарӣ дар ҳар кори инсон муҳим аст. Амалҳои мо ҳама вақт таъсирнок ҳастанд, вақте ки шумо пеши касе ҷавобгӯ мебошед.


Баъзе калисоҳо вақти ҳисоботдиҳии омӯзиши Библия доранд. Ин мавридест, ки аъзоён дар назди гурӯҳ аз омӯзиши Библия ҳисобот медиҳанд. Андозаи калисо дар ба амал овардани ин ҳисобот дигаргунӣ меорад. Калисоҳои хурд метавонанд вақти ҳисоботдиҳии омӯзиши Библияро пеш аз соатҳои ибодат, ё субҳи Якшанбе ё шаби Якшанбе гузаронанд. Баъзе калисоҳо вақти махсуси дигарро интихоб мекунанд. Агар калисо калон бошад, лозим аст, ки онро ба гурӯҳҳои хурд ҷудо кунанд.


Ин вақти мавъиза, лексия, ва ё гуфтани фикрҳои худ нест, балки ин вақти бо ҳам дидани оятҳои бузурги Библия мебошад. Хондани боби сеюми ин китоб таҳти мавзӯи “Чӣ хел ман бояд Библияро омӯзам?” аз аҳамият холӣ нест. Системаи омӯзиши Библия, ки дар ин боб тасвир шудааст дар якҷоягӣ бо системаи ҷавобгарӣ истифода шудан хеле осон аст.


Вақти ҳисоботдиҳии омӯзиши Библия бештар аз системаи ҷавобгарӣ мебошад. Ин бештар аз санҷидани якдигар мебошад. Ин методи таълим додани ҳамдигар мебошад.


Баъзеҳо метавонанд бигӯянд, “ Оё хондани Каломи Худо дилгир нест?” Ин аз он вобастагӣ дорад, ки ин шахс дар бораи Каломи Худо чӣ фикр дорад. Он чиро ки Каломи Худо мегӯяд аз ҳамаи он чизе, ки ягон мард ё зан дар бораи Каломи Худо мегӯяд, ҳаяҷоновар ва муҳимтар мебошад. Павлус мегӯяд, То вақти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав. 1Тимотиюс 4:13


Диққат диҳед, ки Павлус дар бораи се фаъолият – қироат, насиҳат ва таълим сухан мекунад.


Дар Аҳди қадим мо мехонем, ки чӣ хел Эзро Каломи Худоро ба мардум мехонд.


Ва Эзрои коҳин Тавротро дар рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба ҳузури ҷамоати иборат аз мардон ва занон ва ҳамаи онҳое, ки метавонистанд бишнаванд ва бифаҳманд, овард. Ва дар майдони пеши дарвозаи Об аз субҳидам то нисфи рӯз дар ҳузури мардон, занон ва онҳое ки метавонистанд бифаҳманд, онро хонд, ва гӯши тамоми қавм ба китоби Таврот буд. Ва Наҳемё, ки волӣ бошад, ва Эзрои коҳини китобдон, ва левизодагоне ки ба қавм фаҳмонда медоданд, ба тамоми қавм гуфтанд: “Имрӯз барои Худованд Худои шумо рӯзи муқаддас аст; андӯҳгин нашавед ва гиря накунед”, чунки тамоми қавм ба шунидани суханони Таврот мегиристанд. Ва тамоми қавм рафтанд, то ки бихӯранд ва бинӯшанд ва ҳиссаҳо бифиристанд ва хурсандии азиме бикунанд, зеро суханонеро, ки ба онҳо гуфта буданд, фаҳмиданд. Наҳемё 8:2-3, 9, 12


Боз чунин омадааст, Ва дар ҷойҳои худ истода, чоряки рӯз китоби Тавроти Худованд Худои худро хонданд, ва чоряки рӯз гуноҳҳоро эътироф намуда, Худованд Худои худро парастиш карданд. Наҳемё 9:3


Дар калисои маҳаллӣ ҳар аъзо бояд ба омӯзиши Библия гирифтор бошад. Бинобар ин, ҳар аъзо бояд дар вақти ҳисоботдиҳӣ иштирок кунад.


Барои ҳар аъзои калисо аз содиқ мондан ба Каломи Худо чизи дигаре муҳимтар нест. Рӯҳулқудс ҳангоми хондан ва омӯзиш муаллим ва роҳнамои имондор мешавад. Барои ҳамаи китобҳо, Библия Китоб аст. Онҳое, ки инро мехонанд дигар мешаванд. Барои сарвари калисо аз роҳнамоии “халқи худ” ба чарогоҳҳои сералаф ва сӯи обҳои роҳатафзо (Забур 22) муҳимтар нест. Ин Суханест, ки имондорро ғизо медиҳад.




<< Дарсҳои рӯҳонӣ